Ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024

Субҳи 30-юми декабри соли 2023 дар толори фарҳангии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюм (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат- муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Худоёров Фарҳод - муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раҷабзода Дилафрӯз- мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, Муқимӣ Дилором Муқим - директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ширкат ва суханронӣ намуданд. Сипас, ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ғолибони Олимпиадаи “Spelling Bee” ва инчунин, ғолибони Олимпиада оид ба “Шоҳмот” бо диплом сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, омӯзгорони Литсей Аҷиҷимил Гулнора, Сулаймонова Садбарг, Абророва Соҳира, Амрихудоева Меҳрангез, Балаҷонзода Сулаймон, ки дар соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар литсей заҳмат кашидаанд, бо “Сипоснома”-ҳо сарфароз гардонида шуданд. Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе” дар соли сипаришуда ба панҷгонаи беҳтарини муассисаҳои таълимии ноҳия ворид гардида, директори...
Муфассал

Олимпиадаи Авруосиёии «ВКОШП-2023» аз фанни технологияи иттилоотӣ

Барои иштирок дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 нафар хонанда дар ҳайати 16 даста сафарбар карда шуд. Дар давраи интихобии Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 41 даста иборат аз 123 нафар ширкат варзиданд. Аз ин миён 16 дастаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии он роҳхат гирифт. Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" намояндагони 20 давлати дунёро муттаҳид намуд. Дар умум, дар давраи интихобии озмуни мазкур 20000 хонанда аз кишварҳои Авруосиёӣ ширкат намуданд. Дар назар аст, ки озмун рӯзҳои 11–13-уми декабр баргузор мегардад. Намояндагони Осиё имтиҳоноти санҷишро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон месупоранд. Дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ, ки рӯзҳои 11–13-уми декабр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, хонандагон аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон : Чориева Мадина ва Муродализода Сафия хонандагони синфи 10 иштирок менамоянд. ...
Муфассал
Даври якуми (дохилитсейи) озмуни «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Даври якуми (дохилитсейи) озмуни «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Таърихи 16.03.2023 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» – и  назди ДТТ даври якуми (дохилитсейи) озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  дар байни хонандагони синфҳои 1- 11 гузаронида шуд, 30 нафар хонандагон  иштирок  варзиданд.          Аз онҳо: Т/рНому насаби хонанда  СинфНоминатсияҶой1.Ғаффорова Осия  3 «А»Адабиёти кӯдакону наврасон (синфи 1-4)  I2.Акбарзода Абумусайям7 «Б»Адабиёти кӯдакону наврасон (синфи 5-11)  I3.Нуриддинова Фотима  9 «Е»Адабиёти ҷаҳонII4.Суннатов Салоҳиддин  8 «Д»Адабиёти ҷаҳонII5.Сатторова Марям  6 «А»Адабиёти кудакону наврасон (синфи 5-11)  III  ба даври дуюм (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд. ...
Муфассал

«400 вожаи серистеъмол»

Дар таърихи 22.02.2023 озмуни «400 вожаи серистеъмол» дар байни синфҳои  5-11 аз тарафи раисони иттиҳодияҳои методии забони русӣ ва англисӣ Акрамова Парвина Мукумовна ва Ҳакимова Парвина Зоҳидҷоновна гузаронида шуд. ...
Муфассал
«Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»

«Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»дар сатҳи баланд аз рӯйи як номинатсия дар заминаи ҳамагӣ як китоб дар байни хонандагони литсей гузаронида шуд. Дар озмун ҳамагӣ 30 довталабон аз байни синфҳои 5 – 11 иштирок варзиданд, ки аз онҳо 5 нафар беҳтаринҳо ғолиб дониста шуда, ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Даври аввали озмун дар байни хонандагони литсей аз тарафи ҳайати комиссияи озмун ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд. Дар асоси хулосаҳои ниҳоии комиссияи баргузории даври якуми дохилилитсейи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» аъзоёни комиссия чунин натиҷагирӣ намуданд: Иштирокчи Муродов Ифтихор хонандаи синфи 6 «Б» тибқи тартиби баҳогузории озмун бо гирифтани 47 хол ғолиби ҷойи якум дониста шуд;Иштирокчи Ҳамидов Абдусамад хонандаи синфи 10 «А» тибқи тартиби баргузории озмун бо гирифтани 44 хол ғолиб дониста шуд;Иштирокчи  Ҷалолов Мустафо хонандаи синфи  9 «В» тибқи тартиби баҳогузории озмун бо гирифтани 42 хол ғолиби ғойи дуюм дониста шуд;Иштирокчи Тағозода Рамзес хонандаи синфи 6 «А» тибқи тартиби баҳогузории озмун бо гирифтани 40 хол ғолиби ғойи сеюм дониста шуд ...
Муфассал
Пирӯзи муборак!

Пирӯзи муборак!

       Баъд аз ҷамъбаст гардидани озмуни «400 вожаи серистеъмол» 6 нафар омӯзгорон ғолибиятро ба даст оварданд ва аз тарафи маъмурият қадрдонӣ карда шуданд. Инҳо омӯзгорони пуртаҷриба:        Иззатуллоева Н.И., Заҳурбеков А - ҷойи 1-ум Ахмедова М.,  Ақназарова А – ҷойи 2-юм        Қодирова М., Бабаева Р.Р – ҷойи 3 Таманно дорем, ки минбаъд ин сарфарозӣ насиби ҳамагон гардад. ...
Муфассал

ШКОЛЬНЫЙ ЭТАП КОНКУРСА «ЖИВАЯ КЛАССИКА – 2023» В ИННОВАЦИОННОМ ЛИЦЕЕ «ДУШАНБЕ» ПРИ ТЕХНОЛОГИЧЕСКОМ УНИВЕРСИТЕТЕ ТАДЖИКИСТАНА

16  февраля 2023 года в актовом зале   инновационного лицея «Душанбе» при ТУТ состоялся  школьный этап Международного  конкурса «Живая  классика-2023». Учащиеся  декламировали отрывки из прозаических произведений русской и  зарубежной литературы.  ....
Муфассал

Забондонӣ – фазилат аст!

        Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022, №1337 омӯзиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ  дониста шудааст. ....
Муфассал
Забон донӣ — ҷаҳон донӣ!

Забон донӣ — ҷаҳон донӣ!

Ҳисоботи баргузории озмуни " Забон донӣ - ҷаҳон донӣ!" Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 . 09. 2022 рақами 1337 омузиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷики, русӣ, англисӣ барои омузгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми (синфҳои 5 - 11),кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст. ....
Муфассал
Ту қалби Тоҷикистони, Душанбе

Ту қалби Тоҷикистони, Душанбе

        Озмуни мазкур аз рўйи номинатсияҳои эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти кишвар гузашт. ....
Муфассал