Ҳисоботи баргузории озмуни » Забон донӣ — ҷаҳон донӣ!» Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 . 09. 2022 рақами 1337 омузиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷики, русӣ, англисӣ барои омузгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми (синфҳои 5 — 11),кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст.

Дар асоси фармони болозикршуда дар литсейи инноватсионии «Душанбе» низ кор хеле ҷоннок карда шудааст. Бо ташаббуси маъмурияти литсей ба ҳамаи омӯзгорон вожаномаи мазкур дастрас карда шуд. Аз тарафи омӯзгорони фанҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар байни хонандагони синфҳои 5 — 11 дар дарсҳо кор бо “400 вожа серистеъмол” хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар марказҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ омӯзгорони дигар фанҳо низ ба омухтани ин калимаҳо ҷалб карда шудаанд.
Муҳлати омӯзиш ва аз ёд кардани луғат то санаи 31. 12. 2022 муайян шуда аст. Бо ҳамин сабаб барои боз ҳам ташаккул додани луғатомӯзии хонандагон ва барои иҷроиши фармони мазкур дар литсейи мо озмуни дохилилитсейи » Забон донӣ — чаҳон донӣ!» дар санаи 28. 12. 2022 баргузор гардид. Дар озмуни мазкур наздики 50 хонандагони синфҳои 5 — 11 иштирок карданд. Супоришҳои озмун аз руи вожаномаи мазкур буда, мувофиқи ҳар як синф бо вариантҳои гуногун пешниҳод карда шуда будаанд.
Баъд аз ҷамъбасти натиҷаи озмун хонандагони зерин сазовори ҷойҳои намоен гардиданд ва дар толори литсей бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.