Олимпиадаи Авруосиёии «ВКОШП-2023» аз фанни технологияи иттилоотӣ

Барои иштирок дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 нафар хонанда дар ҳайати 16 даста сафарбар карда шуд. Дар давраи интихобии Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 41 даста иборат аз 123 нафар ширкат варзиданд. Аз ин миён 16 дастаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии он роҳхат гирифт. Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" намояндагони 20 давлати дунёро муттаҳид намуд. Дар умум, дар давраи интихобии озмуни мазкур 20000 хонанда аз кишварҳои Авруосиёӣ ширкат намуданд. Дар назар аст, ки озмун рӯзҳои 11–13-уми декабр баргузор мегардад. Намояндагони Осиё имтиҳоноти санҷишро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон месупоранд. Дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ, ки рӯзҳои 11–13-уми декабр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, хонандагон аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон : Чориева Мадина ва Муродализода Сафия хонандагони синфи 10 иштирок менамоянд. ...
Муфассал
Пирӯзӣ муборак

Пирӯзӣ муборак

Омӯзгори фанни физикаи муассисаи давлатии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Балаҷонзода Сулаймонҷони Додарҷон дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шуд. Омӯзгор Балаҷонзода Сулаймон барои тайёр намудани шогирдони болаёқат ва ширкати фаъоли онҳо дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” саҳми арзанда дорад. Шогирдони устод бо ҷойҳои намоён сарфароз гардидаанд. Маъмурият ва кормандони муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омӯзгори ҷавон Балаҷонзода Сулаймонҷонро самимона табрик гуфта, барояшон бурдбориҳои беандозаро таманно доранд. Илмат ба амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад. ...
Муфассал
Фанҳои дақиқ

Фанҳои дақиқ

Ҳафтаи иттиҳодияи методии фанҳои дақиқ дар соли таҳсили Нақшаи чорабиниҳои «Ҳафтаи фанҳои дақиқ» дар ҷаласа муҳокима карда шуда барои тасдиқ пешниқод карда шуд ва аз 12 то 17 феврал давом ёфт. Дар соли тақсили чори «Ҳафта» ба мавзуи «Саҳми олимони Тоҷикистон дар рушди иктисодиёт» бахшида шуд. Мувофиқи нақша ҳамаги 17 дарси кушод гузаронида шуд. Дарсқо хеле гуногун мазмун ва гуногуншакл буданд. Инҳо омузиши мавзуи нав, дарс- мусобиқа, дарс- квн, дарс - семинар ва ғайра буда, бо истифодабарии усулҳои интерактиви ва салоҳиятноки буданд. (далее…)...
Муфассал