Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022, №1337 омӯзиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ  дониста шудааст.

        Бо мақсади иҷрои фармоиши зикргардида дар литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди ДТТ аз рӯи нақшаи рӯзҳои методии иттиҳодияҳо дар шакли озмун гузаронида шуд. Омӯзгороне, ки тавонистанд ин вожаҳоро аз бар кунанд, ба даври 2-юми озмун роҳхат гирифтанд. Тамоми омӯзгорони литсей ин масъулияти бузургро, ки роҳнамои ояндаи мо хоҳад шуд, ба некӣ пазируфтанд.

Лаҳзаҳои баргузории озмуни «400 вожаи серистеъмол» дар литсейи мо.