Ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024

Субҳи 30-юми декабри соли 2023 дар толори фарҳангии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюм (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат- муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Худоёров Фарҳод - муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раҷабзода Дилафрӯз- мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, Муқимӣ Дилором Муқим - директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ширкат ва суханронӣ намуданд. Сипас, ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ғолибони Олимпиадаи “Spelling Bee” ва инчунин, ғолибони Олимпиада оид ба “Шоҳмот” бо диплом сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, омӯзгорони Литсей Аҷиҷимил Гулнора, Сулаймонова Садбарг, Абророва Соҳира, Амрихудоева Меҳрангез, Балаҷонзода Сулаймон, ки дар соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар литсей заҳмат кашидаанд, бо “Сипоснома”-ҳо сарфароз гардонида шуданд. Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе” дар соли сипаришуда ба панҷгонаи беҳтарини муассисаҳои таълимии ноҳия ворид гардида, директори...
Муфассал

Иштироки хонандагони Литсей дар озмуни «Шоҳмот»

Рӯзи 11-уми декабр дар Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ даври дуюм (ноҳияви)-и олимпиада оид ба шоҳмот гузаронида шуд. Дар он 4 нафар хонанда аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки ду нафар ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, Муҳиддинов Шоҳин хонандаи синфи 9 “д” – ҷойи дуюм Наимов Иброҳим хонандаи синфи 9 “г” – ҷойи сеюм Роҳбари маҳфили шоҳмот дар Литсей Нарзуллоев Тоҷиддин мебошад. ...
Муфассал

Олимпиадаи Авруосиёии «ВКОШП-2023» аз фанни технологияи иттилоотӣ

Барои иштирок дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 нафар хонанда дар ҳайати 16 даста сафарбар карда шуд. Дар давраи интихобии Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 41 даста иборат аз 123 нафар ширкат варзиданд. Аз ин миён 16 дастаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии он роҳхат гирифт. Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" намояндагони 20 давлати дунёро муттаҳид намуд. Дар умум, дар давраи интихобии озмуни мазкур 20000 хонанда аз кишварҳои Авруосиёӣ ширкат намуданд. Дар назар аст, ки озмун рӯзҳои 11–13-уми декабр баргузор мегардад. Намояндагони Осиё имтиҳоноти санҷишро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон месупоранд. Дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ, ки рӯзҳои 11–13-уми декабр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, хонандагон аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон : Чориева Мадина ва Муродализода Сафия хонандагони синфи 10 иштирок менамоянд. ...
Муфассал

Олимпиадаи забони англисӣ («Spelling Bee») дар Литсей

Санаи 22-юми ноябр дар Литсей даври якуми олимпиадаи дохилилитсейӣ аз фанни забони англисӣ "Spelling Bee" баргузор гардид. Рафти олимпиадаро роҳбари ҳаракати олимпӣ Аҷиҷимил Гулнора ва омӯзгорони забони англисиву хитоӣ Қодирова Миҷгона, Иззатуллоева Нуриниссо, Ахмедова Мавҷуда, Хоникова Шамима ва Панакова Азизмо назорат намуданд. Дар натиҷа аз 7 нафар хонанда 5 нафар ба даври дуввум роҳ ёфтанд: 1. Зоирова Назокат 7 "А" - ҷойи 1 2. Юсуфзода Марям - ҷойи 2 3. Додоҷонов Рустам 4 "Г" ҷойи 2 4. Назаров Абдулло - ҷойи 3 5. Қурбоналиев Умарҷон - ҷойи 3 ...
Муфассал

Иштироки хонандагони Литсей дар конференсия илмӣ-назариявӣ

Рӯзи 15-уми ноябр Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Мо ҷавонон бо шумоем Пешвои миллат" бахшида ба Рӯзи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки гирандагони стипендияи президентӣ ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор гардид Дар он 17 нафар хонандаи Литсей, ки ғолибони олимпиадаҳо мебошанд, иштирок намуданд. ...
Муфассал
Натиҷагирӣ аз олимпиадаҳои дохилилитсейӣ

Натиҷагирӣ аз олимпиадаҳои дохилилитсейӣ

Рӯзи 31уми октябр дар муассисаи давлатии таъдимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба 228 нафар хонанда, ки дар олимпиадаҳои дохилилитсейӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. ...
Муфассал

Даври чоруми (ҷумҳуриявии) Олимпиадаи фаннии хонандагони «Литсейи инноватсионии Душанбе»-и назди ДТТ

   Аз 15.04.2023 то 28.05.2023   35 нафар хонандагони литсей дар даври чоруми (ҷумҳуриявии) Олимпиадаи фаннии мактаббачагон фаъолона иштирок намуданд. Чунин натиҷаро ба даст оварданд: №Ному насабСинфФанҷойОмузгор  1 Салимов Аҳмад6БЗабони русӣIIАджиджимил Г.Д2Табарова Самира6ВЗабон ва адабиёти русIIIАкрамова П.3Сайдалиев Аминҷон11БЗабони англисӣIIIИззатуллоева Н.4Ёрова Паймона8ВХимияIIIАмрихудоев Ч.5Сабринаи Абдурасул8АХимияIIIРаҳимова М.6Юсайраи Саиданвар8БТХТIIIОдинаева О.7Сорбонҷони Одинашоҳ8АТХТIIIОдинаева О.8Ахмедҷонова Амина8АЗабони русӣIIIАджиджимил Г.Д9Мансурова Мадина8ВЗабони русӣIIIАджиджимил Г.Д10Бахтиёрзода Шахзода8АЗабони русӣIIIАджиджимил Г.Д11Саидов Абдулазиз8АЗабон ва адабиёти тоҷикIIIХайлоева Р.А12Сатторов Амирҷон10АМатематикаIIIАскарова Ч.13Петросян Анушаван10ВЗабони англисӣIIIҲакимова П.14Кавраков Салоҳиддин10ГЗабони англисӣIIIҲакимова П.15Назарова Маҳина9АГеографияIIIБобоҷонова Х.16Гулбарги Камолиддин10БЗабон ва адабиёти тоҷикIIIХайлоева Р17Валиева Лайлӣ9ВБиологияIIIОдинаева С.18Бахтиёри Хайриддин9ЕБиологияIIIОдинаева С.19Икромзода Гулбаҳор9АЗабон ва адабиёти тоҷикIIIХайлоева Р20Иброҳимова Фаришта8ВҲуқуқифтихорӣБекова М.                                                     Шумораи  ҷойҳои намоён Ҷойсоли таҳсили 2021/2022соли таҳсили 2022/2023Ҷойи   I  -  нафар-Ҷойи   II  2 нафар1нафарҶойи   III 11 нафар18 нафарХамагӣ13 нафар19 нафар ...
Муфассал

ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ «HIPPO – 2023»

Таърихи 18 марти соли 2023 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди ДТТ Олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони англисӣ «HIPPO - 2023» гузаронида шуд. Дар ин Олимпиада 70 нафар хонандагони МТМУ – и  №78., №44., №12., №89., №24., №21 ва литсейи инноватсионии «Душанбе» иштирок намуданд. Олимпиадаи мазкур аз тарафи намояндагони Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо гузаронида шуд. ...
Муфассал
Даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони литсейи инноватсионии «Душанбе» — и назди ДТТ

Даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони литсейи инноватсионии «Душанбе» — и назди ДТТ

Натиҷаи даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони литсейи инноватсионии "Душанбе" дар соли таҳсили 2022 - 2023 ноҳияи Фирдавсӣ ....
Муфассал
Даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони литсейи инноватсионии “Душанбе” соли таҳсили 2022-2023

Даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони литсейи инноватсионии “Душанбе” соли таҳсили 2022-2023

Натиҷаи даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони литсейи инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 ноҳияи Фирдавсӣ ....
Муфассал