Озмуни мазкур аз рўйи номинатсияҳои эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти кишвар гузашт.

        Озмун дар се давр баргузор гардид,  даври якум — 10 октябри соли 2022 дар литсей, даври дуюм – 31 октябри соли 2022 дар сатҳи ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки ғолибони даври якум ва даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – 10 ноябри соли 2022  дар муассисаи давлатии  “Маркази кудакон ва наврасони  шаҳри Душанбе” бо иштироки муовини Раиси шахри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, ҳайати ҳакамон ва  ғолибони даври дуюм баргузор гардид.  Ду  нафар аз  хонандагон дар даври ноҳиявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро муваффақ  шуданд: Гулбарги Камолиддин, хонандаи синфи 10 «Б», дар номинатсияи қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва  Насруллоев Арастулло хонандаи синфи 8 «Д» дар номинатсияи иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, сазовори ҷойҳои якум гардида, баҳри иштирок дар даври сеюм (шаҳрӣ) роҳхат гирифтанд.

        Аз ҷониби Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин, ғолибони озмуни шаҳрии “Ту калби Тоҷикистони, Душанбе” Гулбарги Камолиддин ва Насруллоев Арастулло бо Ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

        Таърихи рўзҳои 10-11 ноябри соли 2022 Насруллоев Арастулло хонандаи синфи 8 «Д» дар номинатсияи иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва Гулбарги Камолидин, хонандаи синфи 10 «Б», дар номинатсияи қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар даври сеюм (шаҳрӣ) фаъолона иштирок намуданд.

        Албатта, ин заҳмати беандозаи омўзгорон Одинаева Сайфура, Балаҷонзода Сулаймон, Абророва Моҳира, Носирова Дилрабо, Абдурасулов Фируз ва хонандагони литсей аст, ки дар ҷараёни сол вақти пурқимати худро  барабас надодаанд.

        Омўзгорони литсей ОдинаеваСафура, Балаҷонзода Сулаймон, Абророва Моҳира, Носирова Дилрабо ва
Абдурасулов Фируз барои омода намудани шогирдон ба озмунҳо бо Ифтихорномаҳо ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

       Дар литсей барои ҷалб намудани хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, ҳаракати олимпӣ  ва маҳфилҳои  эҷодӣ дар литсей ташкил карда шудаанд.