Рӯзи 11-уми декабр дар Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ даври дуюм (ноҳияви)-и олимпиада оид ба шоҳмот гузаронида шуд. Дар он 4 нафар хонанда аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки ду нафар ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла,
Муҳиддинов Шоҳин хонандаи синфи 9 “д” – ҷойи дуюм
Наимов Иброҳим хонандаи синфи 9 “г” – ҷойи сеюм
Роҳбари маҳфили шоҳмот дар Литсей Нарзуллоев Тоҷиддин мебошад.