МАВЛУД ХУҶАСТА БОД!

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, МУҲТАРАМА ПАРВИНА МУКУМОВНА! Аҳли кормандону омӯзгорони “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба Шумо саломатӣ, нерӯи тоза, умри бобаракат ва дастовардҳои нав таманно мекунем.Ғамхориҳои пайвастаи Шумо ба аҳли омӯзгорон, кормандон ва толибилмони литсей сазовори таҳсинанд. Ҳамеша комёб бошед! Мо бо Шумо мефахрем, омӯзгори гиромиқадр....
Муфассал

ЗОДРӮЗИ БОНУИ ХОКСОРУ ОҚИЛАВУ ДОНО ХУҶАСТА БОД!

Имрӯз шахсияти нексиришту дурандеш, бонуи оқилаву соҳибфазилат, раҳнамову инсони хоксор, модари ғамхор нозири шуъбаи кадрҳои литсейи инноватсионии “Душанбе” Шарипова Ситора Эмомовна зодрӯз доранд. Ин зани меҳрубонро бо фарорасии мавлуди умрашон самимона таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, муваффақиятҳои пайваста, саодати зиндагӣ ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно дорем....
Муфассал

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ЛИТСЕЙИ ИННОВАТСИОНИИ «ДУШАНБЕ»-И НАЗДИ ДТТ АНВАРОВ М.М БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ НАВРӮЗ

    Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони азиз!     Наврӯзи аҷам, ки яке аз бузургтарин ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик аст, бо шарофати Истиқлолият зери ливои сулҳу субот ва оромиш ба сарзамини мо қадам мениҳад. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба якояки Шумо саломатӣ, рӯзгори хушу осоишта ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.     Боиси сарфарозист, ки Наврӯзи мо Наврӯзи ҷаҳонӣ шуд. Яъне, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Наврӯзро тамоми кишварҳои олам дар сатҳи зарурӣ ҷашн мегиранд, ки ин нишон аз мавқеи хоса пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалист.     Пас, биёед, ҳама муттаҳиду сарҷамъона Ватани маҳбубамонро обод кунем ва обрӯи Тоҷикистони азизамонро миёни кишварҳои олам боз ҳам баланд бардорем.     Наврӯзи байналмиллалӣ фархунда бод!                  ...
Муфассал
Мелоди умр муборак!

Мелоди умр муборак!

Аҳли коллективӣ омӯзгорони литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди ДТТ – муовини  директор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои педагогӣ Назарова Мавлуда Раҷабалиевнаро ба солрӯзашон табрик намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодатмандию сарбаландӣ, рӯзгори нек ва дар ҷодаи фаъолият барору комёбиҳо таманно дорем. ...
Муфассал