Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони азиз!

    Наврӯзи аҷам, ки яке аз бузургтарин ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик аст, бо шарофати Истиқлолият зери ливои сулҳу субот ва оромиш ба сарзамини мо қадам мениҳад. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба якояки Шумо саломатӣ, рӯзгори хушу осоишта ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

    Боиси сарфарозист, ки Наврӯзи мо Наврӯзи ҷаҳонӣ шуд. Яъне, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Наврӯзро тамоми кишварҳои олам дар сатҳи зарурӣ ҷашн мегиранд, ки ин нишон аз мавқеи хоса пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалист.

    Пас, биёед, ҳама муттаҳиду сарҷамъона Ватани маҳбубамонро обод кунем ва обрӯи Тоҷикистони азизамонро миёни кишварҳои олам боз ҳам баланд бардорем.

    Наврӯзи байналмиллалӣ фархунда бод!