Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ ва мураббиёне, ки озмунҳои шаҳрӣ дастпарваронашон ғолиб гардидаанд, инчунин, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба таҷлили Рӯзи омӯзгорон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3-юми октябри соли 2023, №521 ба 124 нафар мураббиёну омӯзгорон мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ба ҳар як нафар тақдим карда шуд.