«Душанбе – шаҳри бахт, шаҳри тоҷу тахти мардуми тоҷик »

«Душанбе – шаҳри бахт, шаҳри тоҷу тахти мардуми тоҷик »

Душанбе шаҳри зебо, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавкат ва имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Душанберо барҳақ  шаҳри  ҷавонӣ  меноманд, зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони баору номуси халқи тоҷик бунёд гардидааст. Душанбе  макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа,  мафтункунанда, макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор аст.           Боиси ифтихор аст, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки оинаи миллатномаи тоҷик шаҳри  Душанбе  99-ум сол аст, ки пойтахти давлатдории навини тоҷикон мебошаду таҳти сарварии сардафтари даврони нав Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешравию дастовардҳои давлату миллати тоҷикон аз ин гаҳвораи тамаддун сарчашма мегирад. ...
Муфассал

ШИНОСОИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН.

Бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе санаи 14 апрели соли 2023 боздиди 100 нафар хонандагони муассисаҳои ноияи Фирдавсь, аз ҷумла 14 нафар хонандагони фаъоли литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  ташкил карда шуд.            Зимни боздид хонандагони литсей аз Осорхонаи мазкур аз ҳаёту фаъолият, асарҳо ва тамоми дастовардҳои замони истиқлолият аз наздик ошноӣ пайдо намуда, маълумоти амиқу муфассал гирифтанд. ...
Муфассал
ТАЪЗИЯНОМА

ТАЪЗИЯНОМА

Ҳайати кормандону омӯзгорони литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди ДТТ аз марги нобаҳангоми падари омӯзгори  забон ва адабиёти рус Асоева Фирӯза сахт андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён менамояд. Руҳашон шод ва хонаи охираташон обод бошад!...
Муфассал
ИМД — 2023

ИМД — 2023

  Дар литсейи инноватсионии "Душанбе"-и назди ДТТ бо мақсади шиносоӣ бо тағйироту иловаҳо ва омӯзонидан бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 бо хатмкунандагони синфҳои 9-ум ва 11-уми литсей, курси шиносоӣ бо миқдори шаш дарс аз тарафи шахси мутассадӣ, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ - Назарова М.Р. мувофиқи нақша гузаронида шуда истодааст. ...
Муфассал
Гулҳои боғи маърифат!

Гулҳои боғи маърифат!

Якуми  феврали соли 2023 дар Литсейи интернати президентӣ барои хонандагони болаёқат баргузории ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони "Пайравони пешвои миллатем " баргузор гардид. Хушабахтона аз литсейи инноватсионии "Душанбе"-и назди ДТТ се нафар хонандагон гирандагони стипендияи Президентӣ гардиданд. (далее…)...
Муфассал
Арзу сипоси бепоён ба ҳама волидайн ва хонадагоне, ки дар ин иқдоми нек саҳмгузор буданд.

Арзу сипоси бепоён ба ҳама волидайн ва хонадагоне, ки дар ин иқдоми нек саҳмгузор буданд.

Имрӯз намояндагон аз муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ"" дар н. Варзоб" арзу сипоси худро ба директори литсейи инноватсионии "Душанбе", муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва маъмурияти литсей баён намуда, бо Ифтихономаҳо қадрдонӣ карданд. ...
Муфассал
Забон донӣ — ҷаҳон донӣ!

Забон донӣ — ҷаҳон донӣ!

Ҳисоботи баргузории озмуни " Забон донӣ - ҷаҳон донӣ!" Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 . 09. 2022 рақами 1337 омузиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷики, русӣ, англисӣ барои омузгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми (синфҳои 5 - 11),кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст. ....
Муфассал
Даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони литсейи инноватсионии “Душанбе” соли таҳсили 2022-2023

Даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони литсейи инноватсионии “Душанбе” соли таҳсили 2022-2023

Натиҷаи даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони литсейи инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 ноҳияи Фирдавсӣ ....
Муфассал
Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия”

Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия”

        Боиси хушнудист, ки аз 30-юми октябр то 06-уми ноябри соли 2022 хонандагони литсей Раҳими Ромини Дилшод хонандаи синфи 11 "Г"., Ғуломов Билол хонандаи синфи 8 "Б" ва Асроров Эмомаҳдӣ хонандаи синфи 7 "Б" дар шаҳри Анталияи  Ҷумҳурии  Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” аз фанҳои биология, физика, математика, забони англисӣ ва шоҳмот  фаъолона иштирок намуда,  ба дастовардҳои назаррас ноил  гардиданд. ....
Муфассал
Ту қалби Тоҷикистони, Душанбе

Ту қалби Тоҷикистони, Душанбе

        Озмуни мазкур аз рўйи номинатсияҳои эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти кишвар гузашт. ....
Муфассал