Рӯзи 23-юми ноябр дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълими “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди ДТТ конференсия бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Дар он хонандагон дар мавзуъҳои “Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон”, “Парчами давлатӣ – рамзи соҳибистиқлолии Ватан ва дӯстиву бародарии ҳар як сокини мамлакати мо”, «Аз дирафши Ковиён то Парчами Тоҷикистони соҳибихтиёр», «Парчами давлатӣ рамзи давлатдории миллист», «Парчам ҳамчун муқаддасоти миллии давлатдорӣ» ва «Моҳияти ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.