Ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «Парчами давлатӣ-муқаддастарин рамзи давлатдории миллӣ» санаи 23-юми ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «Парчами давлатӣ-муқаддастарин рамзи давлатдории миллӣ» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад.
Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад. Аз ин хотир, ҳамасола Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин раванд ба омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Акрамова Парвина, Абророва Соҳира, Захваткина Олга, Хайлоева Роҳила, Ҳасанова Райҳонгул, Файзуллоева Назира, Одинаева Меҳрӣ, Сайдамирова Муқаддас, Пирова Зулайхо, Ҷабборова Фирӯза, ки мавқеи сиёсии худро муайян карданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.