ЗОДРӮЗИ БОНУИ ХОКСОРУ ОҚИЛАВУ ДОНО ХУҶАСТА БОД!

Имрӯз шахсияти нексиришту дурандеш, бонуи оқилаву соҳибфазилат, раҳнамову инсони хоксор, модари ғамхор нозири шуъбаи кадрҳои литсейи инноватсионии “Душанбе” Шарипова Ситора Эмомовна зодрӯз доранд. Ин зани меҳрубонро бо фарорасии мавлуди умрашон самимона таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, муваффақиятҳои пайваста, саодати зиндагӣ ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно дорем....
Муфассал
«Душанбе – шаҳри бахт, шаҳри тоҷу тахти мардуми тоҷик »

«Душанбе – шаҳри бахт, шаҳри тоҷу тахти мардуми тоҷик »

Душанбе шаҳри зебо, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавкат ва имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Душанберо барҳақ  шаҳри  ҷавонӣ  меноманд, зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони баору номуси халқи тоҷик бунёд гардидааст. Душанбе  макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа,  мафтункунанда, макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор аст.           Боиси ифтихор аст, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки оинаи миллатномаи тоҷик шаҳри  Душанбе  99-ум сол аст, ки пойтахти давлатдории навини тоҷикон мебошаду таҳти сарварии сардафтари даврони нав Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешравию дастовардҳои давлату миллати тоҷикон аз ин гаҳвораи тамаддун сарчашма мегирад. ...
Муфассал

ШИНОСОИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН.

Бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе санаи 14 апрели соли 2023 боздиди 100 нафар хонандагони муассисаҳои ноияи Фирдавсь, аз ҷумла 14 нафар хонандагони фаъоли литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  ташкил карда шуд.            Зимни боздид хонандагони литсей аз Осорхонаи мазкур аз ҳаёту фаъолият, асарҳо ва тамоми дастовардҳои замони истиқлолият аз наздик ошноӣ пайдо намуда, маълумоти амиқу муфассал гирифтанд. ...
Муфассал