ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ЛИТСЕЙИ ИННОВАТСИОНИИ «ДУШАНБЕ»-И НАЗДИ ДТТ АНВАРОВ М.М БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ НАВРӮЗ

    Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони азиз!     Наврӯзи аҷам, ки яке аз бузургтарин ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик аст, бо шарофати Истиқлолият зери ливои сулҳу субот ва оромиш ба сарзамини мо қадам мениҳад. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба якояки Шумо саломатӣ, рӯзгори хушу осоишта ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.     Боиси сарфарозист, ки Наврӯзи мо Наврӯзи ҷаҳонӣ шуд. Яъне, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Наврӯзро тамоми кишварҳои олам дар сатҳи зарурӣ ҷашн мегиранд, ки ин нишон аз мавқеи хоса пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалист.     Пас, биёед, ҳама муттаҳиду сарҷамъона Ватани маҳбубамонро обод кунем ва обрӯи Тоҷикистони азизамонро миёни кишварҳои олам боз ҳам баланд бардорем.     Наврӯзи байналмиллалӣ фархунда бод!                  ...
Муфассал

ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ «HIPPO – 2023»

Таърихи 18 марти соли 2023 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди ДТТ Олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони англисӣ «HIPPO - 2023» гузаронида шуд. Дар ин Олимпиада 70 нафар хонандагони МТМУ – и  №78., №44., №12., №89., №24., №21 ва литсейи инноватсионии «Душанбе» иштирок намуданд. Олимпиадаи мазкур аз тарафи намояндагони Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо гузаронида шуд. ...
Муфассал
Даври якуми (дохилитсейи) озмуни «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Даври якуми (дохилитсейи) озмуни «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Таърихи 16.03.2023 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» – и  назди ДТТ даври якуми (дохилитсейи) озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  дар байни хонандагони синфҳои 1- 11 гузаронида шуд, 30 нафар хонандагон  иштирок  варзиданд.          Аз онҳо: Т/рНому насаби хонанда  СинфНоминатсияҶой1.Ғаффорова Осия  3 «А»Адабиёти кӯдакону наврасон (синфи 1-4)  I2.Акбарзода Абумусайям7 «Б»Адабиёти кӯдакону наврасон (синфи 5-11)  I3.Нуриддинова Фотима  9 «Е»Адабиёти ҷаҳонII4.Суннатов Салоҳиддин  8 «Д»Адабиёти ҷаҳонII5.Сатторова Марям  6 «А»Адабиёти кудакону наврасон (синфи 5-11)  III  ба даври дуюм (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд. ...
Муфассал
ТАЪЗИЯНОМА

ТАЪЗИЯНОМА

Ҳайати кормандону омӯзгорони литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди ДТТ аз марги нобаҳангоми падари омӯзгори  забон ва адабиёти рус Асоева Фирӯза сахт андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён менамояд. Руҳашон шод ва хонаи охираташон обод бошад!...
Муфассал
Мелоди умр муборак!

Мелоди умр муборак!

Аҳли коллективӣ омӯзгорони литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди ДТТ – муовини  директор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои педагогӣ Назарова Мавлуда Раҷабалиевнаро ба солрӯзашон табрик намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодатмандию сарбаландӣ, рӯзгори нек ва дар ҷодаи фаъолият барору комёбиҳо таманно дорем. ...
Муфассал