Душанбе шаҳри зебо, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавкат ва имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Душанберо барҳақ  шаҳри  ҷавонӣ  меноманд, зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони баору номуси халқи тоҷик бунёд гардидааст. Душанбе  макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа,  мафтункунанда, макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор аст.

          Боиси ифтихор аст, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки оинаи миллатномаи тоҷик шаҳри  Душанбе  99-ум сол аст, ки пойтахти давлатдории навини тоҷикон мебошаду таҳти сарварии сардафтари даврони нав Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешравию дастовардҳои давлату миллати тоҷикон аз ин гаҳвораи тамаддун сарчашма мегирад.