Омӯзгори фанни физикаи муассисаи давлатии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Балаҷонзода Сулаймонҷони Додарҷон дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шуд.
Омӯзгор Балаҷонзода Сулаймон барои тайёр намудани шогирдони болаёқат ва ширкати фаъоли онҳо дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” саҳми арзанда дорад. Шогирдони устод бо ҷойҳои намоён сарфароз гардидаанд.
Маъмурият ва кормандони муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омӯзгори ҷавон Балаҷонзода Сулаймонҷонро самимона табрик гуфта, барояшон бурдбориҳои беандозаро таманно доранд.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.