Бо мақсади дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат, ташаккули тафаккури мантиқӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо, баланд бардоштани ҳаваси хонандагон ба омӯзиши фанҳои таълимӣ, инчунин, ҷиҳати татбиқи бандҳои нақша-чорабиниҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24-уми майи соли 2021, таҳти рақами 294 дар бораи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» ва дар асоси Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 4-ум то 14-уми октябри соли 2023 дар «Литсейи инноватсионии Душанбе»- и назди ДТТ олимпиадаи дохилилитсейи даври якум аз рӯйи фанҳои зерин ташкил ва гузаронида шуд: забон ва адабиёти тоҷик, синфҳои ибтидоӣ (забони модарӣ), забони давлатӣ, забони русӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, география, химия, биология, синфҳои ибтидоӣ (математика), математика ва физика.