Рӯзи 8-уми сентябр дар муассисаи давлатии таълимии «Литсейи инноватсионии Душанбе» бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба омӯзгорон ва хонандагони Литсей ботантана гузаронидан шуд. Аз ҷумла, ба Нуридинова Фотима,, Ғафорова Осия, Акбарзода Абумусаям ва Фирдавсов Фирдавс барои ишғоли ҷойҳои намоён дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, бо Ифтихорнома ва мукофот аз тарафи Литсей сарфароз гардонида шуданд.