Аз таърихи  5-юм то 7-уми  марти соли 2022  дар литсейи инноватсионии »Душанбе»-и назди ДТТ  чорабиниҳо  бахшида ба Рӯзи Модарон   таҷлил гардид. Ҷамъомад  давоми ҳафта  мувофиқи нақшаи тартиб додашуда    соати 7 30  аз ҷамъомади пагоҳирӯзӣ  оғоз гардид. Дар долону даромадгоҳи литсей  газетаҳои  беҳтарин  дар мавзӯи «Модари ман ҷони ман» овезон  карда шуданд.

Мувофиқи нақша бахшида ба “Рӯзи Модарон” дар Литсейи инноватсионии “Душанбе” санаи 5-уми март байни духтарони синфи 7 –ум озмуни “Дастёри модар” гузронида шуд, ки дар он гуруҳи духтарон маҳорату чолоки, хозирҷавоби ва қобилияти кадбонугии худро ба ҳамагон пешкаш намуданд. Ғолибон ва фаъолони озмун бо ифтихорномаҳо кадрдони карда шуданд.