Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз солим омада расид.
Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон дар хидмати халқу ватан қадр доранд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ватан аст.
Хонандагони синфи 11-и Литсей бахшида ба иди касбии омӯзгорон ва забони давлатӣ барномаи идона омода намуданд.
Дар ин рӯз аз тарафи маъмурияти Литсей ба омӯзгорони фаъол, аз ҷумла, Аджиджимил Гулнора “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайлоева Роҳила “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрамова Парвина Мукумовна “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Хонов Исҳоқ “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” супорида шуд.