Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як фарди кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки дар зери осмони соф, сулҳу субот ва сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули санади муҳими давлатӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро эътироф мекунад, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол гузашт. Конститутсияро нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон арзёбӣ кардаанд.
Бахшида ба ин рӯз 31–уми октябр дар МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо иштироки хонандагони Литсей гузаронида шуд.