Аз таърихи  29 — ми сентябри соли 2021 дар литсейи инноватсионии “Душанбе” чорабинӣ бахшида ба  Рӯзи Ҷалолиддини Румӣ  таҷлил гардид. Давоми  ҳафта  дар ҷамъомадҳои пагоҳирўзӣ  хонандагон  маълумотҳо дар бораи Ҷ. Румӣ ва  аз ашъори устод порчаҳои қироат намуданд.

Дар давоми ҳафта байни хонандагон озмуни «Газетаҳои девории беҳтарин» бахшида ба  Рӯзи Ҷалолиддини Румӣ  эълон гашта шуда буд, ки онҳо  дар долону даромадгоҳи литсей, ки ба  намоиш гузошта шуда буд.

Байни хонандагони синфҳои 9-10 ум озмуни ЭССЕ – и беҳтарин дар мавзуи « Абуабдуллои Рўдакӣ ва Ҷ. Рўмӣ устодони шеъри тоҷик» ва бани хонандагони синфи  11 – ум озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи « Забони Рўдакӣ  ва  Рўмӣ  ҷовидонист! » гузаронида шуда ғолибон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.          

Таърихи 29.09.2021. дар толори литсей конфронс бахшида ба  мавзўи “Забони Ҷалолиддини Рўмӣ  ҷовидонист!” шуда гузашт, ки хонандагони литсей бо баромадҳои худ ҳамагонро шод намуданд.

Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта  низ маҳс ба  мавзўи  «Атри шеъри Рӯдакӣ ва андарзҳои Ҷ. Рӯмӣ» бахшида шуда гузаронида шуд.