Аз таърихи  22 — ми сентябри соли 2021  дар литсейи инноватсионии “Душанбе” чорабинӣ бахшида ба  Рӯзи Рӯдакӣ  таљлил гардид. Дар давоми  ҳафта  дар ҷамъомадҳои пагоҳирўзӣ  хонандагон  маълумотҳо дар бараи Абуабдулло Рӯдакӣ  ва  порчаҳои шеъри аз ашъори устод қироат намуданд.

 Дар давоми ҳафта байни хонандагон озмуни «Газетаҳои девории беҳтарин» бахшида ба  эълон гашта шуда буд, ки онҳо  дар долону даромадгоҳи литсей, ки ба  намоиш гузошта шуда буд.

Байни хонандагони синфҳои 9-10 ум озмуни ЭССЕ – и беҳтарин дар мавзуи «Рӯдакӣ  рафту, мод ҳикмати ӯй…» ва бани хонандагони синфи  11 – ум озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи «Ёде аз шеъри сардафтари адабиёти форсӣ А.Рӯдакӣ » гузаронида шуда, ғолибон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Таърихи 21.09.2021. дар толори литсей конфронс бахшида ба  мавзўи    “Рўдакӣ  — фарҳангсозони тољик” шуда гузашт, ки хонандагони литсей бо баромадҳои худ ҳамагонро шод намуданд.

      Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта  низ маҳс ба  мавзўи  «Атри шеър ва  андарзҳои  Рўдакӣ» бахшида шуда, гузаронида шуд.

Ба хонандагони дар чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» фаъолона иштирок намуда, бо  ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.