Аз таърихи  27- уми сентябри соли 2017 дар литсейи инноватсионии «Душанбе»  аз ҷониби кормандони  ХПХНЧ   РВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Исмоилов Абдураҳим, Майори милитсия Каримов Сорбон ва намояндаи гуруҳи «Авангард» — и ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ Аҳмадзода Озодбахт бо хонандагони синфхои 10 – 11 бо иштироки волидон  дар мавзуи «Пешгирии ҷиноят ва Ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон», инчунин «Оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар муассисахои таълимии миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шомил нашудани ҷавонону ноболиғон ба гуруҳҳои экстремистӣ ва терроризм суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.