Боиси хушнудист, ки аз 30-юми октябр то 06-уми ноябри соли 2022 хонандагони литсей Раҳими Ромини Дилшод хонандаи синфи 11 «Г»., Ғуломов Билол хонандаи синфи 8 «Б» ва Асроров Эмомаҳдӣ хонандаи синфи 7 «Б» дар шаҳри Анталияи  Ҷумҳурии  Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” аз фанҳои биология, физика, математика, забони англисӣ ва шоҳмот  фаъолона иштирок намуда,  ба дастовардҳои назаррас ноил  гардиданд.

        Хонандаи синфи 11 «Г» Раҳими Ромини Дилшод  аз фанни биология ва мусобиқаи шоҳмот барои ишғоли ҷойи 1 бо Дипломҳои дараҷаи якум ва медалҳои тилло  сарфароз гардид.

         Дипломҳои дараҷаи якум ва медалҳои тиллои Раҳими Ромин

        Хонандагон — Ғуломов Билол хонандаи синфи 8 «Б» аз фанни физика ва Асроров Эмомаҳдӣ аз фанни забони англисӣ хонандаи синфи 7 «Б» бо медалҳо ва Дипломҳо сарфароз гардиданд.