Санаи 8-уми декабр даври ноҳиявии озмуни «Spelling Bee» баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–назди ДТТ иштирок намуданд. Дар натиҷа аз 5 нафар хонандае, ки дар даври якуми олимпиадаи дохилилитсейӣ иштирок намуда буданд, 3 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Роҳбари маҳфили «Spelling Bee» дар Литсей, омӯзгори фанни забони англисӣ Қодирова Миҷгона мебошад.
Натиҷаи озмун чунин аст:
1. Зоирова Назокат хонандаи синфи 7 «А» – ҷойи 1
2. Юсуфзода Марям хонандаи синфи 6 «В» – ҷойи 3
3. Додоҷонов Рустам хонандаи синфи 4 «Г» – ҷойи 3