Дар литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди ДТТ бо мақсади шиносоӣ бо тағйироту иловаҳо ва омӯзонидан бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 бо хатмкунандагони синфҳои 9-ум ва 11-уми литсей, курси шиносоӣ бо миқдори шаш дарс аз тарафи шахси мутассадӣ, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ — Назарова М.Р. мувофиқи нақша гузаронида шуда истодааст.