Имрӯз 26.10.2021 се нафар шогирдони литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ки дар даври шаҳрии Озмуни Ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ғолиб омадаанд, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шудаанд.

1.Бахтиёри Хайриддин дар номинатсияи «Биология» ( 15 ҳазор сомонӣ);

2.Валиева Лайлӣ дар номинатсияи «География» (10 ҳазор сомонӣ);

3.Ризоев Маҳмудҷон дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ» (10 ҳазор) сомонӣ;

Инчунин роҳбарони ин хонандагон низ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шудаанд.Ғолибонро ба ин дастоварди навбатӣ табрик намуда, миннатдории хуро ба Раиси маорифпарвари шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баён менамоем!