Ҳисоботи баргузории озмуни » Забон дони ҷаҳон дони» Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 . 09. 2022 рақами 1337 омузиш ва ед кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷики, руси, англиси барои омузгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миенаи умуми (синфҳои 5 — 11) ва кормандони соҳаи маориф ва или хатми дониста шудааст.

Дар асоси фармони болозикршуда дар литсейи инноватсионии «Душанбе» низ кор хеле чоннок карда шудааст . Бо ташаббуси маъмурияти литсей ба ҳамаи омузгорон вожаномаи мазкур дастрас карда шуд. Аз тарафи омузгорони фанхои забони тоҷики, руси ва англиси дар байни хонандагони синфҳои 5 — 11 дар дарсҳо кор бо 400 вожа серистеъмоли хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар марказҳои омузиши забонҳои руси ва англиси омузгорони дигар фанҳо низ ба омухтани ин калимаҳо ҷалб карда шудаанд .
Муҳлат омузиш ва аз ед кардани луғат то санаи 31. 12. 2022 муаян шуда аст. Бо ҳамин сабаб барои боз ҳам ташаккул додани луғатомузии хонандагон ва барои иҷроиши фармони мазкур дар литсейи мо озмуни дохилилитсейии » Забон дони — чаҳон дони» дар санаи 28. 12. 2022 баргузор гардид. Дар озмуни мазкур наздики 50 хонандагони синфҳои 5 — 11 иштирок карданд. Супоришҳои озмун аз руи вожаномаи мазкур буда, мувофиқи ҳар як синф бо вариантҳои гуногун пешниҳод карда шуда будаанд.
Баъд аз ҷамъбасти натиҷаи озмун хонандагони зерин сазовори ҷойҳои намоен гардиданд ва дар толори литсей бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.