Литсейи инноватсионии «Душанбе» (то августи соли 2013 гимназияи «Душанбе») дар назди Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар асоси Қарори ҳайати мушовираи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои саноъат №2 аз 19 июли соли 2001 таъсис дода шудааст.

Оинномаи литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир ба табдил додани гимназияи «Душанбе»-и назди ДТТ, ба литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон,аз ҷониби Шурои педагогии гимназияи «Душанбе» №10 аз 19-июни соли 2013,Шурои олимони Донишгохи технологии Точикистон (аз 2-июли соли 2013 №17), Фармоиши вазири  энергетика ва саноати ҶТ( 18-07-2013 №75) дар мувофика бо Вазорати маорифи ҶТ(аз 2-агусти соли 2013)  тасдиқ гардидааст.

Литсей раванди махсуси омузиши аниқи фанҳои табии-риёзи дошта, ба хонандагон аз руи барномаҳои таълимие, ки ба стандартҳои давлатии маълумоти миёна  мувофиқ мебошанд, таълим медиҳад.