Аз таърихи  8 — ми сентябри соли 2021 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» чорабинӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолият   таҷлил гардид. Ҷамъомади пагоҳирўзӣ  дар давоми ҳафта дар мавзуи «Ҳумоюн бод – Истиқлоли тоҷик!» гузаронида шуданд.

Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо  дар мавзўи «Истиқлол – неъмати бебахост» ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ  иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои фарҳангӣ бо ифтихономаҳо сарфароз гардида шуданд.

Байни хонандагони синфҳои   9-10 ум озмуни ЭССЕ – и беҳтарин дар мавзуи «Истиқлолият – сарфарозии ҳар як миллат аст!» ва бани хонандагони синфи  11 – ум озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи «Истиқлолият – дастоварди пурарзиши миллат!» гузаронида шуда ғолибон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Коллективи омузгорон ва хонандагони литсей дар толори литсей   баромади Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалии Раҳмонро тамошо намуданд. Худи ҳамон рӯз дар толори литсей конфронс бахшида ба  мавзўи «Ҳумоюн бод, Истиклоли тоҷик!» шуда гузашт.

Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта  низ маҳс ба  мавзўи  «Истиқлол неъмати бебаҳост» бахшида шуда   гузаронида шуд.