Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар омӯзгорони литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди донишгоҳи технологии Тоҷикистон Абророва Моҳира Ҳамидуллоевна- омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва Ҳасанова Райҳонгул -омӯзгори фанни математика бо медали ‘Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.