Аз таърихи  24- ми ноябри соли 2021 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчам  таҷлил гардид. Ҷамъомад давоми  ҳафта  мувофиқи нақшаи кори тартиб додашуда баргузор гардид.

Ҷамъомади пагоҳирӯзӣ соати 7:30 оғоз гардид. Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо  дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – Шиносномаи соҳибистиклолии мамлакат!» ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар литсей байни хонандагон озмуни газетаи беҳтарин бахшида ба Рӯзи Парчам эълон гардид, ки дар охири ҳафта ҷамъбаст гардида ғолибон боифтихорномаҳо кдрдони карда шуданд.

Хонандагони синфи 2 «В» ва 7 «Б» ҷойи 1-ум

Хонандагони синфи 3 «А» ва 5 «Б» ҷойи 2 –юм

Хонандагони синфи 3 «Б» ва 4 «А» ҷойи 3-юм сазовор гардиданд.

      Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта  низ маҳс ба  мавзўи  «Парчами Тоҷикистон, чун бахт ёвари мост!», «Парчамдорӣ  шарафмандист!» , «Парчам — рамзи истиқлолияти давлат ва ифтихори миллат» бахшида шуда,   гузаронида шуд.

Бахшида ба ин ҷашни бузург хонандагони фаъоли синфҳои  5 –ум ба сафи Созмони хонандагон  қабул карда шуданд.

Дар ин санаи муборак, омӯзгорон ва хонадгони дар озмунҳои ҷуҳуриявӣ ва озмунҳои лоиҳаҳои беҳтарин ғолиб гашта, аз тарафи маъмурияти литсей бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин дар ин рӯз конфронси адабӣ дар мавзӯи «Парчам — рамзи истиќлолияти давлат ва ифтихори миллат» бо хонандагони синфи 11 – ум гузаронида шуд.