Аз  таърихи  01 — ми сентябри соли 2021 дар литсейи инноватсионии “Душанбе” чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Дониш   таҷлил гардид.

Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо  идона ородода шуда, ба намоиш гузошта шуд. Дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ  иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои фарҳангӣ бо ифтихономаҳо сарфароз гардида шуданд.

Дар чорабинии идона намояндагони донишгоҳи Тоҷики — Славяни  иштирок намуда, аз фонди захиравии донишгоҳ ба китобхонаи литсей як миқдор китобҳои таълимиӣ ва адабиётҳои бадеӣ баҳри мутолеаи хонандагон тақдим гардид.

Баромадии фарҳангии хонандагон ва қироати порчаҳои шеърии хонандагони синфи якум ба чорабини ҳусни тоза бахшид.

Бо садои Занги аввал хонандагон ба синфхонаҳо ворид гардиданд ва соатҳои тарбиявӣ дар  мавзўи  «Дарси сулҳ» бахшида шуда   гузаронида шуданд.