Бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 124 нафар мураббиёну омӯзгорон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ ба ҳар як нафар дар доираи чорабинии идона ба муносибати Рӯзи омӯзгорон дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардиданд.

Бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 124 нафар мураббиёну омӯзгорон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ ба ҳар як нафар дар доираи чорабинии идона ба муносибати Рӯзи омӯзгорон дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардиданд.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ ва мураббиёне, ки озмунҳои шаҳрӣ дастпарваронашон ғолиб гардидаанд, инчунин, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба таҷлили Рӯзи омӯзгорон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3-юми октябри соли 2023, №521 ба 124 нафар мураббиёну омӯзгорон мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ба ҳар як нафар тақдим карда шуд. ...
Муфассал
Бо мақсади дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат, ташаккули тафаккури мантиқӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо, баланд бардоштани ҳаваси хонандагон ба омӯзиши фанҳои таълимӣ, инчунин, ҷиҳати татбиқи бандҳои нақша-чорабиниҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24-уми майи соли 2021, таҳти рақами 294 дар бораи "Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025" ва дар асоси Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 4-ум то 14-уми октябри соли 2023 дар "Литсейи инноватсионии Душанбе"- и назди ДТТ олимпиадаи дохилилитсейи даври якум аз рӯйи фанҳои зерин ташкил ва гузаронида шуд: забон ва адабиёти тоҷик, синфҳои ибтидоӣ (забони модарӣ), забони давлатӣ, забони русӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, география, химия, биология, синфҳои ибтидоӣ (математика), математика ва физика. ...
Муфассал
Рӯзи 8-уми сентябр дар муассисаи давлатии таълимии "Литсейи инноватсионии Душанбе" бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба омӯзгорон ва хонандагони Литсей ботантана гузаронидан шуд. Аз ҷумла, ба Нуридинова Фотима,, Ғафорова Осия, Акбарзода Абумусаям ва Фирдавсов Фирдавс барои ишғоли ҷойҳои намоён дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, бо Ифтихорнома ва мукофот аз тарафи Литсей сарфароз гардонида шуданд. ...
Муфассал