ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА

Ҳамасола  ҷашни  Ғалаба  ҳамчун  иди  умумихалқӣ  нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонони  роҳи озодӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳукми анъана даромадааст.       Бахшида  ба  ин  ҷашни бузург хонандагони синфҳои ибтидоӣ (таълимашон бо забони русӣ)  таҳти роҳбарии омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ Бегматов М.М. чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд. Ҷавонмардо,  ҷавонмардӣ биёмӯз,                                   Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмӯз!       Таҳти ин шиор фаъолони Созмони хонандагони литсей...
Муфассал
«Душанбе – шаҳри бахт, шаҳри тоҷу тахти мардуми тоҷик »

«Душанбе – шаҳри бахт, шаҳри тоҷу тахти мардуми тоҷик »

Душанбе шаҳри зебо, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавкат ва имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Душанберо барҳақ  шаҳри  ҷавонӣ  меноманд, зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони баору номуси халқи тоҷик бунёд гардидааст. Душанбе  макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа,  мафтункунанда, макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор аст.           Боиси ифтихор аст, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки оинаи миллатномаи тоҷик шаҳри  Душанбе  99-ум сол аст, ки пойтахти давлатдории навини тоҷикон мебошаду таҳти сарварии сардафтари даврони нав Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешравию дастовардҳои давлату миллати тоҷикон аз ин гаҳвораи тамаддун сарчашма мегирад. ...
Муфассал

ШИНОСОИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН.

Бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе санаи 14 апрели соли 2023 боздиди 100 нафар хонандагони муассисаҳои ноияи Фирдавсь, аз ҷумла 14 нафар хонандагони фаъоли литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  ташкил карда шуд.            Зимни боздид хонандагони литсей аз Осорхонаи мазкур аз ҳаёту фаъолият, асарҳо ва тамоми дастовардҳои замони истиқлолият аз наздик ошноӣ пайдо намуда, маълумоти амиқу муфассал гирифтанд. ...
Муфассал

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ЛИТСЕЙИ ИННОВАТСИОНИИ «ДУШАНБЕ»-И НАЗДИ ДТТ АНВАРОВ М.М БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ НАВРӮЗ

    Омӯзгорон, кормандон ва хонандагони азиз!     Наврӯзи аҷам, ки яке аз бузургтарин ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик аст, бо шарофати Истиқлолият зери ливои сулҳу субот ва оромиш ба сарзамини мо қадам мениҳад. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба якояки Шумо саломатӣ, рӯзгори хушу осоишта ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.     Боиси сарфарозист, ки Наврӯзи мо Наврӯзи ҷаҳонӣ шуд. Яъне, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Наврӯзро тамоми кишварҳои олам дар сатҳи зарурӣ ҷашн мегиранд, ки ин нишон аз мавқеи хоса пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалист.     Пас, биёед, ҳама муттаҳиду сарҷамъона Ватани маҳбубамонро обод кунем ва обрӯи Тоҷикистони азизамонро миёни кишварҳои олам боз ҳам баланд бардорем.     Наврӯзи байналмиллалӣ фархунда бод!                  ...
Муфассал

ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ «HIPPO – 2023»

Таърихи 18 марти соли 2023 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди ДТТ Олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони англисӣ «HIPPO - 2023» гузаронида шуд. Дар ин Олимпиада 70 нафар хонандагони МТМУ – и  №78., №44., №12., №89., №24., №21 ва литсейи инноватсионии «Душанбе» иштирок намуданд. Олимпиадаи мазкур аз тарафи намояндагони Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо гузаронида шуд. ...
Муфассал
Даври якуми (дохилитсейи) озмуни «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Даври якуми (дохилитсейи) озмуни «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Таърихи 16.03.2023 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» – и  назди ДТТ даври якуми (дохилитсейи) озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  дар байни хонандагони синфҳои 1- 11 гузаронида шуд, 30 нафар хонандагон  иштирок  варзиданд.          Аз онҳо: Т/рНому насаби хонанда  СинфНоминатсияҶой1.Ғаффорова Осия  3 «А»Адабиёти кӯдакону наврасон (синфи 1-4)  I2.Акбарзода Абумусайям7 «Б»Адабиёти кӯдакону наврасон (синфи 5-11)  I3.Нуриддинова Фотима  9 «Е»Адабиёти ҷаҳонII4.Суннатов Салоҳиддин  8 «Д»Адабиёти ҷаҳонII5.Сатторова Марям  6 «А»Адабиёти кудакону наврасон (синфи 5-11)  III  ба даври дуюм (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд. ...
Муфассал
ТАЪЗИЯНОМА

ТАЪЗИЯНОМА

Ҳайати кормандону омӯзгорони литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди ДТТ аз марги нобаҳангоми падари омӯзгори  забон ва адабиёти рус Асоева Фирӯза сахт андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён менамояд. Руҳашон шод ва хонаи охираташон обод бошад!...
Муфассал
Мелоди умр муборак!

Мелоди умр муборак!

Аҳли коллективӣ омӯзгорони литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди ДТТ – муовини  директор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои педагогӣ Назарова Мавлуда Раҷабалиевнаро ба солрӯзашон табрик намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодатмандию сарбаландӣ, рӯзгори нек ва дар ҷодаи фаъолият барору комёбиҳо таманно дорем. ...
Муфассал

30 — СОЛАГИИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!

          Санаи  23-юми феврал дар литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди ДТТ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии  қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана гузаронида шуд. Саҳни  литсей  бо шукӯҳу шаҳомати хосса ороста шуда буд. Хонандагони синфҳои 11 –уми «А»  ва «Б» ин ҷамъомадро дар сатҳи баланд пешкаш намуданд.         Инчунин хонандагоне, ки дар даври 2-юми озмуни «400 вожаи серистеъмол» ғолибиятро ба даст оварданд, аз тарафи маъмурияти литсей қадрдонӣ карда шуданд.                                                                    Синфҳои 5-6 Т/рНому насаби хонанда  СинфҶой1.Қурбонзода Парвин  6 «А»12.Файзенова Мадина  6 «А»23.Зоирова Назокат  6 «А»3                                                                     Синфҳои 7-8 Т/рНому насаби хонанда  СинфҶой1.Зикирова  Гузал  8 «Д» 12.Ғуломов   Билол  8 «Б» 23.Зикирова  Аниса  7 «А» 34.Зикирова  Махлиё  7 «Е» 3                                                                  Синфҳои 9-11 Т/РНому насаби хонанда  Синф Ҷой1.Рамзиёрзода Ниёзгул  10 «В»12.Кавраков Салоҳиддин  10 «Г» 23.Петросян Анушаван  10 «В» 3 ...
Муфассал

«400 вожаи серистеъмол»

Дар таърихи 22.02.2023 озмуни «400 вожаи серистеъмол» дар байни синфҳои  5-11 аз тарафи раисони иттиҳодияҳои методии забони русӣ ва англисӣ Акрамова Парвина Мукумовна ва Ҳакимова Парвина Зоҳидҷоновна гузаронида шуд. ...
Муфассал