Ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024
Субҳи 30-юми декабри соли 2023 дар толори фарҳангии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюм (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат- муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Худоёров Фарҳод - муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раҷабзода Дилафрӯз- мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, Муқимӣ Дилором Муқим - директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ширкат ва суханронӣ намуданд.
Сипас, ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ғолибони Олимпиадаи “Spelling Bee” ва инчунин, ғолибони Олимпиада оид ба “Шоҳмот” бо диплом сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, омӯзгорони Литсей Аҷиҷимил Гулнора, Сулаймонова Садбарг, Абророва Соҳира, Амрихудоева Меҳрангез, Балаҷонзода Сулаймон, ки дар соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар литсей заҳмат кашидаанд, бо “Сипоснома”-ҳо сарфароз гардонида шуданд.
Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе” дар соли сипаришуда ба панҷгонаи беҳтарини муассисаҳои таълимии ноҳия ворид гардида, директори...