КУМАК БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН – ПАЙГИРӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КУМАК БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН – ПАЙГИРӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Дарахт бо обу инсон бо меҳр месабзад. Фарзанди одам ҳамеша ба дилгармӣ ва ба меҳру муҳаббати самимӣ ниёз дорад. Бахусус, дар ҳоле, ки як нафар ятим мемонад, бештар ниёзманди он мешавад. Ва аз ин дида эҳсоси хуштар нест, ки як инсон як ятимро хурсанду хандон месозад. Зеро ятимон дар зиндагӣ афсурдаю дилозурда, ниҳоят нозуктабъ ва бештар аз ҳама ба пуштибонию муҳаббат ниёз доранд. Бузургону гузаштагони мо баҳри дилсӯзии ятимон ва дасти сахо дароз кардан ба онҳо панду андарзҳои бешумор ба ояндагон боқӣ гузоштаанд. Шайх Аттор барҳақ фармудааст: Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро, Боз ёбад ҷаннати дарбастаро. Рӯзи 29–уми декабри соли 2023 муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ бо пуштибонӣ аз сиёсати Президенти ятимпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ намуда, бо роҳбарии директори литсей Анваров Муриватшо як гурӯҳ кормандони литсей, аз ҷумла, раиси созмони хонандагони литсей Пирова Мавҷуда, Раҷабов Носир, Раҷабова Нилуфар, Қурбонов...
Муфассал

Ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024

Субҳи 30-юми декабри соли 2023 дар толори фарҳангии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюм (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат- муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Худоёров Фарҳод - муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раҷабзода Дилафрӯз- мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, Муқимӣ Дилором Муқим - директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ширкат ва суханронӣ намуданд. Сипас, ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ғолибони Олимпиадаи “Spelling Bee” ва инчунин, ғолибони Олимпиада оид ба “Шоҳмот” бо диплом сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, омӯзгорони Литсей Аҷиҷимил Гулнора, Сулаймонова Садбарг, Абророва Соҳира, Амрихудоева Меҳрангез, Балаҷонзода Сулаймон, ки дар соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар литсей заҳмат кашидаанд, бо “Сипоснома”-ҳо сарфароз гардонида шуданд. Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе” дар соли сипаришуда ба панҷгонаи беҳтарини муассисаҳои таълимии ноҳия ворид гардида, директори...
Муфассал

Вохӯрии намояндаи раёсати муқовимат бо коррупсия бо омӯзгорони Литсей

Рӯзи 9-уми декабр сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсия АНДМ ва МКҶТ подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким ба муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди ДТТ ташриф оварда, бо омӯзгорони Литсей дар бораи “Коррупсия–вабои аср” суҳбат намуданд. Аз ҷумла, эшон қайд намуданд, ки мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд ва ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин падидаи номатлуб саҳми худро бигузорем. ...
Муфассал

Иштироки хонандагони Литсей дар озмуни «Шоҳмот»

Рӯзи 11-уми декабр дар Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ даври дуюм (ноҳияви)-и олимпиада оид ба шоҳмот гузаронида шуд. Дар он 4 нафар хонанда аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки ду нафар ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, Муҳиддинов Шоҳин хонандаи синфи 9 “д” – ҷойи дуюм Наимов Иброҳим хонандаи синфи 9 “г” – ҷойи сеюм Роҳбари маҳфили шоҳмот дар Литсей Нарзуллоев Тоҷиддин мебошад. ...
Муфассал

Олимпиадаи Авруосиёии «ВКОШП-2023» аз фанни технологияи иттилоотӣ

Барои иштирок дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 нафар хонанда дар ҳайати 16 даста сафарбар карда шуд. Дар давраи интихобии Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 41 даста иборат аз 123 нафар ширкат варзиданд. Аз ин миён 16 дастаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии он роҳхат гирифт. Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" намояндагони 20 давлати дунёро муттаҳид намуд. Дар умум, дар давраи интихобии озмуни мазкур 20000 хонанда аз кишварҳои Авруосиёӣ ширкат намуданд. Дар назар аст, ки озмун рӯзҳои 11–13-уми декабр баргузор мегардад. Намояндагони Осиё имтиҳоноти санҷишро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон месупоранд. Дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ, ки рӯзҳои 11–13-уми декабр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, хонандагон аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон : Чориева Мадина ва Муродализода Сафия хонандагони синфи 10 иштирок менамоянд. ...
Муфассал

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ МДТ “ЛИТСЕЙИ ИННОВАТСИОНИИ ДУШАНБЕ”-И НАЗДИ ДТТ ДАР ҲАМОИШИ СИЁСӢ- ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «Парчами давлатӣ-муқаддастарин рамзи давлатдории миллӣ» санаи 23-юми ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «Парчами давлатӣ-муқаддастарин рамзи давлатдории миллӣ» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад. Аз ин хотир, ҳамасола Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Дар ин раванд ба омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии “Литсейи...
Муфассал

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Имрӯз бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомад ба омӯзгорону хонандагони фаъоли Литсей, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни даври шаҳрии “Илм фурӯғи маърифат”, озмуни даври шаҳрии “Тоҷикон” ва олимпиадаҳои ноҳиявию байналмилаӣ сазовори ҷойҳои намоён шуданд, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар ин рӯз хонанадагони фаъоли Литсейро ба созмони талабагии “Ворисони Сомониён” дохил намуда, ба ноҳо гараданбандҳои ифтихорӣ супорида шуд. ...
Муфассал

Конференсия бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Рӯзи 23-юми ноябр дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълими “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди ДТТ конференсия бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Дар он хонандагон дар мавзуъҳои “Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон”, “Парчами давлатӣ – рамзи соҳибистиқлолии Ватан ва дӯстиву бародарии ҳар як сокини мамлакати мо”, «Аз дирафши Ковиён то Парчами Тоҷикистони соҳибихтиёр», «Парчами давлатӣ рамзи давлатдории миллист», «Парчам ҳамчун муқаддасоти миллии давлатдорӣ» ва «Моҳияти ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. ...
Муфассал

Олимпиадаи забони англисӣ («Spelling Bee») дар Литсей

Санаи 22-юми ноябр дар Литсей даври якуми олимпиадаи дохилилитсейӣ аз фанни забони англисӣ "Spelling Bee" баргузор гардид. Рафти олимпиадаро роҳбари ҳаракати олимпӣ Аҷиҷимил Гулнора ва омӯзгорони забони англисиву хитоӣ Қодирова Миҷгона, Иззатуллоева Нуриниссо, Ахмедова Мавҷуда, Хоникова Шамима ва Панакова Азизмо назорат намуданд. Дар натиҷа аз 7 нафар хонанда 5 нафар ба даври дуввум роҳ ёфтанд: 1. Зоирова Назокат 7 "А" - ҷойи 1 2. Юсуфзода Марям - ҷойи 2 3. Додоҷонов Рустам 4 "Г" ҷойи 2 4. Назаров Абдулло - ҷойи 3 5. Қурбоналиев Умарҷон - ҷойи 3 ...
Муфассал

Таҷлили «Рӯзи Президент» дар МДТ-и «Литсейи инноватсионии Душанбе»»

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҷамъият ба шахсияти бузург ва фарзанди фарзонае ниёз дорад, ки ӯ беш аз дигарон зарурияти таърихиро дарк менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа камар мебандад. Шахсе, ки дар ҳамин давраи ҳассос, аз байнравии миллат, пароканда ва порча-порча тақсим гардидани давлат дар арсаи таърихи миллати тоҷик қадами бахосияти худро гузошт – ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити барои миллати тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида буд, аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Имрӯз бахшида ба “Рӯзи Президент” дар МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе” бо ташаббуси раиси иттиҳодияи методии фанҳои таърих ва ҳуқуқ Бекова Мошариф Азизовна конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар он хонандагони синфи 9 Бахтиёрзода...
Муфассал