Конференсия бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Рӯзи 23-юми ноябр дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълими “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди ДТТ конференсия бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Дар он хонандагон дар мавзуъҳои “Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон”, “Парчами давлатӣ – рамзи соҳибистиқлолии Ватан ва дӯстиву бародарии ҳар як сокини мамлакати мо”, «Аз дирафши Ковиён то Парчами Тоҷикистони соҳибихтиёр», «Парчами давлатӣ рамзи давлатдории миллист», «Парчам ҳамчун муқаддасоти миллии давлатдорӣ» ва «Моҳияти ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. ...
Муфассал

Олимпиадаи забони англисӣ («Spelling Bee») дар Литсей

Санаи 22-юми ноябр дар Литсей даври якуми олимпиадаи дохилилитсейӣ аз фанни забони англисӣ "Spelling Bee" баргузор гардид. Рафти олимпиадаро роҳбари ҳаракати олимпӣ Аҷиҷимил Гулнора ва омӯзгорони забони англисиву хитоӣ Қодирова Миҷгона, Иззатуллоева Нуриниссо, Ахмедова Мавҷуда, Хоникова Шамима ва Панакова Азизмо назорат намуданд. Дар натиҷа аз 7 нафар хонанда 5 нафар ба даври дуввум роҳ ёфтанд: 1. Зоирова Назокат 7 "А" - ҷойи 1 2. Юсуфзода Марям - ҷойи 2 3. Додоҷонов Рустам 4 "Г" ҷойи 2 4. Назаров Абдулло - ҷойи 3 5. Қурбоналиев Умарҷон - ҷойи 3 ...
Муфассал

Таҷлили «Рӯзи Президент» дар МДТ-и «Литсейи инноватсионии Душанбе»»

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҷамъият ба шахсияти бузург ва фарзанди фарзонае ниёз дорад, ки ӯ беш аз дигарон зарурияти таърихиро дарк менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа камар мебандад. Шахсе, ки дар ҳамин давраи ҳассос, аз байнравии миллат, пароканда ва порча-порча тақсим гардидани давлат дар арсаи таърихи миллати тоҷик қадами бахосияти худро гузошт – ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити барои миллати тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида буд, аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Имрӯз бахшида ба “Рӯзи Президент” дар МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе” бо ташаббуси раиси иттиҳодияи методии фанҳои таърих ва ҳуқуқ Бекова Мошариф Азизовна конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар он хонандагони синфи 9 Бахтиёрзода...
Муфассал

Семинар бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як фарди кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки дар зери осмони соф, сулҳу субот ва сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули санади муҳими давлатӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро эътироф мекунад, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол гузашт. Конститутсияро нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон арзёбӣ кардаанд. Бахшида ба ин рӯз 31–уми октябр дар МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо иштироки хонандагони Литсей гузаронида шуд. ...
Муфассал

Таҷлили Рӯзи забон ва иди омӯзгорон дар МДТ-и «Линсейи инноватсионии Душанбе»»

Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз солим омада расид. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон...
Муфассал
Пирӯзӣ муборак

Пирӯзӣ муборак

Омӯзгори фанни физикаи муассисаи давлатии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Балаҷонзода Сулаймонҷони Додарҷон дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шуд. Омӯзгор Балаҷонзода Сулаймон барои тайёр намудани шогирдони болаёқат ва ширкати фаъоли онҳо дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” саҳми арзанда дорад. Шогирдони устод бо ҷойҳои намоён сарфароз гардидаанд. Маъмурият ва кормандони муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омӯзгори ҷавон Балаҷонзода Сулаймонҷонро самимона табрик гуфта, барояшон бурдбориҳои беандозаро таманно доранд. Илмат ба амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад. ...
Муфассал
Методическое объединение русского языка и литературы нашего лицея продолжает активную работу в рамках «Года русского языка».

Методическое объединение русского языка и литературы нашего лицея продолжает активную работу в рамках «Года русского языка».

Под руководством учителей Гаибовой Д.М. и Асоевой Ф.К. учащимися 9,11 классов было проведено открытое мероприятие, посвященное жизни и творчеству известного поэта, певца, актёра, барда Владимира Высоцкого "Я конечно вернусь". ....
Муфассал
Внеклассное мероприятие, посвященное «Году русского языка»

Внеклассное мероприятие, посвященное «Году русского языка»

 Сегодня 27.01.2023 в актовом зале инновационного лицея "Душанбе" состоялась научно-практическая конференция "Глаголом жги сердца людей," посвященная жизни и творчеству Александра Сергеевича Пушкина  в рамках объявленного "Года русского языка" в Таджикистане. Торжественное мероприятие началось словами А.С. Пушкина "Прекрасный наш язык, под пером писателей неучёных и неискусных, быстро клонится к падению. Слова искажаются. Грамматика колеблется. Орфография, сия геральдика языка, изменяется по произволу всех и каждого". ....
Муфассал

Соли 2023 дар Тоҷикистон «Соли забони русӣ» эълон шуд.

Тибқи фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01.09.2022 соли 2023 "Соли забони русӣ" дар Тоҷикистон эълон гардид. Иттиҳодияи методии забони русӣ нақша - чорабиниҳоро роҷеъ ба ин фармоиш тартиб дода, дар амал иҷро карда истодаанд. Аз рӯи нақша дар литсейи инноватсионии "Душанбе" - и назди ДТТ дар толор байни хонандагони фаъоли синфҳои 9-11 диктанти умумӣ (тоталӣ) гузаронида шуд. Хонандагон аз рӯйи диктанти навишташуда "Синий камень Памира" баҳогузорӣ карда шуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Акбари Каффаш Мария ва   Ризоева Мамлакат хонандагони синфи 11 "Г"., Рамзиёрзода Ниёзгул хонандаи синфи 10 "В"., Шодарвозова Марям хонандаи синфи 10 "В"., Валиева Ясмина ва Алимова Сумая хонандагони синфи 9 "Г"., Абдураҳимова Д. хонандаи синфи 9 "Е" сазовори ҷойи фахрӣ гардиданд. Аз тарафи маъмурият ин хонандагон бо Ифтихорнома сазовор гардонида шуданд. Инчунин дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (таълимашон бо забони русӣ) озмуни "Золотое перо" гузаронида шуд. Хонандагони зерин ба ҷойҳои фахрӣ сазовор дониста шуданд. Ҷойи якум: Масрурзода А. хонандаи синфи 4 "Г"., Абдуқодиров М. хонандаи синфи 1 "Д"; Ҷойи...
Муфассал