Аз таърихи 7-уми ноябр то 11 -у ми ноябри соли 2017 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» ҳафтаи «Хушмуомилаги бар зидди алфози қабеҳ» гузаронида шуд. Ҷамъомад давоми ҳафта мувофиқи нақшаи тартиб додашуда баргузор гардид. Ҳафта аз ҷамъомади пагоҳирӯзӣоғоз гардид.
Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо дар мавзӯи «Забонро аз алфози қабеҳ нигоҳ дор» ба намоиш гузошта шуда буд.
Гуруҳи муштараки сайёр ки аз аъзоёни фаъоли Созмони талабаги таъсис ёфтааст,вориди синфхонахо гашта бо шиори «Забон дар даҳон ганҷи!» баромади худро ба хонандагон пешкаш намуданд.
Давоми ҳафта «Экологҳои забон» дар долонҳо ва саҳни ҳавлии литсей навбатдори намуда, хонандагоне, ки нисбати якдигар муносибати дагалона карда одоби муоширатро риоя намекарданд ба руйхат гирифта бо онҳо суҳбат гузарониданд.
Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта низ маҳз ба мавзўи бахшида шуда гузаронида шуд.