Ҳисоботи роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои омехта аз натиҷаи (ҳафтаи фанҳои омехта), ки аз 22.02.2016 то 27.02.2016 гузаронида шуд
Дар аввал ҳамаи аъзоёни иттиҳодия дар ҷаласаи худ нақшаи гузаронидани ин чорабиниро ҳаллу фасл намуда, сипас нақшаи ин чорабинӣ тартиб дода шуд ва ба сарвари литсей ва ҷонишинон пешкаш гардид. Рузи 22 феврал толори даромадгоҳи литсей бо газетаву викторинаҳо ва лавҳаҳо оро дода шуданд, ки ин шаҳодати оғозшавии ҳафтаро нишон медод. Дар ин чорабини ҳамаи аъзоёни иттиҳодия сафарбар шуда буданд ва ҳар яки онҳо мувофиқи нақша дарси кушод, мусобиқаи «Офарин» ва ё мусобиқаҳои варзишӣ мегузарониданд. Мувофиқи нақша рўзи якум рўзи ташкилӣ ва ородиҳӣ муайян шуда буд. Гурўҳи айкедистҳо баромад намуда ба ҳамагон маҳорати касбии худро нишон доданд.
Гурўҳи боксёрчиён ва варзишгарони варзида низ дар саҳна баромад намуда, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуданд.
Аз тарафи духтарони синфи 6Е честушки доир ба варзиш сароида шуд, ки саҳнаро боз ҳам зебову дилчасп намуд. Бо ҳамин қисми кушодашавии ҳафтаи фанҳои омехта анҷом ёфта оғози дарсҳои кушод кушода эълон гардид.
Иттиҳодияи методии фанҳои омехта дар назари аксар нафарон чун иттиҳодияи дар раванди таълиму тарбия нодаркор ба ҳисоб меравад. Аммо дар асл бошад бе кўмак ва ё маҳорати касбии баъзе аз омўзгорони ин иттиҳодия гузаронидани ҷамъомадҳои берун аз синфӣ номумкин аст. Дар ҷамъбаст иттиҳодияи методӣ ба ҳамаи он шогирдон ва устодоне, ки дар гузаронидани ҳафта саҳми беандоза доштанд миннатдорӣ баён менамояд.
Роҳбари иттиҳодияи методӣ ва аъзоён аз маъмурияти литсей бо сардории Одинаева О.З., ҷонишинон Аджижамиль Г.А., Гаибова Д.М., Шарипова Р. ва Озарова О.А. миннатдор буда кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар давоми ҳафтаи фаннӣ ба он хатогиҳо ва камбудиҳое, ки ҷой доштанд аҳамияти ҷиддӣ дода дар солҳои минбаъд ба ин хатогиҳою камбудиҳо роҳ надиҳанд.