Дар таърихи 30 — ми октябри соли 2022 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» чорабинӣ бахшида ба Ҷашни Меҳргон таҷлил гардид. Ҷамъомад давоми рӯз мувофиқи нақшаи кори тартиб додашуда баргузор гардид.
Ҷамъомади пагоҳирӯзӣ соати 7:30 оғоз гардид.Дар долону даромадгоҳи литсей маҳсули дастони иштирокчиёни озмуни “Овезаи беҳтарин” дар мавзӯи «Тирамоҳи заррин», Дарстархони беҳтарин таҳти мароми «Файзи тирамоҳ», Дастони моҳир сохтани ҳар гуна ашёҳо аз сабзавот ва маҳсулотҳои табиӣ ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар давоми ҳафта озмуни газетаи деворӣ бехшида ба иди Меҳргон эълонгашта ғолибони озмун сазовори ифтихорномаҳо гардиданд.
Ҷашни меҳргон аз баромади хонандагон дар ҷамъомади пагоҳирузӣ оғоз гардид.
Соати 1400 дар чорабинии зери мавзӯи «Файзи тирамоњ» бахшида ба ҷашни Меҳргон дар толори литсей аз тарафи хонандагони фаъоли литсей шуда гузашт, ки хонандагон бо баромадҳои фарҳангӣ ва дарстархони идона назди ҳамагон баромад намуданд.
Озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Меҳргон – файзу иқболи деҳқон» ҷамъбаст гардида, ду ғолиби худро пайда намуд, ки онхо сазовари ифтихорнома гардиданд.