Дар таърихи 24- ми ноябри соли 2022 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчам таҷлил гардид. Ҷамъомад давоми ҳафта мувофиқи нақшаи кори тартиб додашуда баргузор гардид.
Ҷамъомади пагоҳирӯзӣ соати 7:30 оғоз гардид. Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – Шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат!» ба намоиш гузошта шуда буд.
Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта низ маҳс дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон, чун бахт ёвари мост!», «Парчамдорӣ шарафмандист!» , «Парчам — рамзи истиқлолияти давлат ва ифтихори миллат» бахшида шуда, гузаронида шуд.
Бахшида ба ин ҷашни бузург хонандагони фаъоли синфҳои 5 –ум ба сафи Созмони хонандагон қабул карда шуданд.
Дар ин санаи муборак, омӯзгорон ва хонадгони дар озмунҳои ҷуҳуриявӣ ва озмунҳои лоиҳаҳои беҳтарин ғолиб гашта, аз тарафи маъмурияти литсей бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.