Ғани гардонидани захираи луғавии хонандагон яке аз роҳҳои инкишофи нутқи шифоҳӣ дар дарсҳои забони англисӣ.
Сол то сол талаботи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии мо зиёд шуда истодааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар ҳар як паёми худ гаштаву баргашта таъқид менамоянд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти ҷомеъа ҳатмӣ ва зарур мебошад».
Махфӣ нест, ки хонандагон дар дарс бояд хонда ва тарҷума карда тавонанд, мутолиа намоянд, машқҳои грамматикӣ иҷро кунанд. Барои иҷрои ин талаботҳо захираи бойи луғавӣ лозим меояд. Аз ибтидо тарҷума муоширати байнизабонии одамонро имконпазир гардонида вазифаи муҳими иҷтимоиро иҷро мекунад. Бо инкишофи ҷамъият ва маданияти инсонӣ, ки бе он робитаи байни давлатҳо имконнопазир аст, алоқамандии зич дорад. Вале барои тарҷума карда тавонистан низ албатта, захираи бойи луғавӣ лозим меояд.
Илми луғатнигориро лексикография меноманд, (аз калимаи юнонии «лексикос» гирифта шуда маънои калима, луғат ва графо менависамро дорад). Луғатҳои мавҷудаи ҳар як миллат сарвати бебаҳои онро ташкил медиҳад,ки дар он маънои калимаву ибораҳо аз як забон ба забони дигар тарҷума мегардад.Луғат дар ҳамбастаги бо фонетика ва грамматика асоси муоширатро ташкил мекунад.Танҳо туфайли луғат ва грамматика кас метавонад фикру ақидаҳои худро ифода кунад.Хонанда нутқи мусоҳибро вақте дарк мекунад,ки маънои вожаҳои таркиби нутқи шунидаашро донад. . Хаҷми луғати омухташавандаи зобони хориҷӣ аз намуди муассисаи таълимӣ вобаста аст. Тибқи барномаи таълими забони англисӣ дар мактаби миёна хонандагон бояд барои муошират 1000-1200 калимаро чун ақалияи луғавии фаъол аз худ намоянд. Дар илми равоншиноси калима ангезандаи фикр маҳсуб мешавад.
Ҳамагон медонем, ки омӯзиши забон бо луғат алоқаи ногусастани дорад. Пешрафти босуръати технологияи нав, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи чаҳонии интернет водор месозанд, ки таълим ва омузиши забонҳо, аз ҷумла русиву англисӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон бошад.
Роҳу усулҳои гуногуни омӯзиши луғат вуҷуд дорад:
Истифода бурдани усули бинои ва шунавои (ёдгирӣ тариқи нигоҳ, расмҳо, бозичаҳо, ҳайвонҳо). Фаҳмонидан тавассути аёният. Чашм ба мисли суратгир амал мекунад ва калима ва ҷумлаҳоро зуд ба ёд месупорад.
Шунавои бошад, ёдгирии забонро метезонад, тариқи гӯш кардан ба аудио, барнома ва филмҳои англисзабон метавон дар омӯзиш хеле пешрафт кард.
Антоним ва синоним (angry-happy, aim-goal)
Тавассути шарҳдиҳӣ (definition)
Тариқи карточкаҳо (русӣ-англисӣ-тоҷикӣ, англисӣ-тоҷикӣ-русӣ)
Истифодаи китобчаҳои луғат
Мутаасифона хонандагоне ҳастанд, ки луғатро бо тартиби алфавит меомӯзанд, ки он натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, хонандаро тез дилбазан мекунад ва зуд фаромӯш мешавад. Ин усул мушкил буда шавқи хонандаро гум хоҳад кард.Барои бештару хубтар дар ёд гирифтан калимаҳоро дар ҷумла истифода мебояд бурд.
Баҳри сарфакорона истифода намудани вақти хонандагон мо омӯзгорони иттиҳодияи методии забони англисӣ тасмим гирифтем, ки мувофиқи ҳар як китоби дарсӣ китобчаи луғати алоҳида тартиб диҳем, то хонандагон вақти пурқиммати худро дар ҷустуҷӯи онҳо сарф нанамуда, пайи аз худ намудани онҳо шаванд. Инчунин пеш аз ҷамъбасти ҳар як марҳила дарси санҷишӣ гузаронида мешавад. Бовари бар он дорем, ки ин китобча дар такмили нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон ва инчунин ғани гардонидани захираи луғавии онҳо кӯмак мекунад. Зеро ҳангоме,ки захираи луғавии хонанда бой бошад вай метавонад ба осонӣ бо кадом забоне,ки хоҳад ҳарф занад ва фикри худро баён намояд.
Яке аз роҳҳои дигари бой гардонидани захираи луғавии хонандагон ва нутқи инкишофи онҳо ин гузаронидани хониши берун аз синфи мебошад. Барои он, ки вақте ки хонанда китобро мутолеа мекунад, ӯ бо калимаҳои нав рӯ ба рӯ мешавад ва тарҷум тарҷумаи онҳоро ҷустуҷӯ карда, калимаҳои навро аз худ мекунад. Дар баробари мутолиаи китобҳои дарси онҳо инчунин калимаҳои калимаҳои навро аз худ мекунанд.