Санаи 8 — ми сентябри соли 2022 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» чорабинӣ бахшида ба 31 — солагии Истиқлолият таҷлил гардид. Ҷамъомади пагоҳирўзӣ дар давоми ҳафта дар мавзӯи «Ҳумоюн бод – Истиқлоли тоҷик!» гузаронида шуданд.
Дар долону даромадгоҳи литсей овезаҳо дар мавзўи «Истиқлол – неъмати бебахост» ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои фарҳангӣ бо ифтихонормаҳо сарфароз гардида шуданд.
Коллективи омузгорон ва хонандагони литсей дар толори литсей баромади Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалии Раҳмонро тамошо намуданд. Худи ҳамон рӯз дар толори литсей конфронс бахшида ба мавзўи «Ҳумоюн бод, Истиклоли тоҷик!» шуда гузашт.
Инчунин соатҳои тарбиявӣ дар ин ҳафта низ маҳс ба мавзўи «Истиқлол неъмати бебаҳост» бахшида шуда гузаронида шуд.