Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»дар сатҳи баланд аз рӯйи як номинатсия дар заминаи ҳамагӣ як китоб дар байни хонандагони литсей гузаронида шуд.
Дар озмун ҳамагӣ 30 довталабон аз байни синфҳои 5 – 11 иштирок варзиданд, ки аз онҳо 5 нафар беҳтаринҳо ғолиб дониста шуда, ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Даври аввали озмун дар байни хонандагони литсей аз тарафи ҳайати комиссияи озмун ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд.
Дар асоси хулосаҳои ниҳоии комиссияи баргузории даври якуми дохилилитсейи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» аъзоёни комиссия чунин натиҷагирӣ намуданд:
- Иштирокчи Муродов Ифтихор хонандаи синфи 6 «Б» тибқи тартиби баҳогузории озмун бо гирифтани 47 хол ғолиби ҷойи якум дониста шуд;
- Иштирокчи Ҳамидов Абдусамад хонандаи синфи 10 «А» тибқи тартиби баргузории озмун бо гирифтани 44 хол ғолиб дониста шуд;
- Иштирокчи Ҷалолов Мустафо хонандаи синфи 9 «В» тибқи тартиби баҳогузории озмун бо гирифтани 42 хол ғолиби ғойи дуюм дониста шуд;
- Иштирокчи Тағозода Рамзес хонандаи синфи 6 «А» тибқи тартиби баҳогузории озмун бо гирифтани 40 хол ғолиби ғойи сеюм дониста шуд