Ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024

Субҳи 30-юми декабри соли 2023 дар толори фарҳангии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюм (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳияви)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат- муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Худоёров Фарҳод - муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раҷабзода Дилафрӯз- мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, Муқимӣ Дилором Муқим - директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ширкат ва суханронӣ намуданд. Сипас, ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ғолибони Олимпиадаи “Spelling Bee” ва инчунин, ғолибони Олимпиада оид ба “Шоҳмот” бо диплом сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, омӯзгорони Литсей Аҷиҷимил Гулнора, Сулаймонова Садбарг, Абророва Соҳира, Амрихудоева Меҳрангез, Балаҷонзода Сулаймон, ки дар соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳаракати олимпӣ дар литсей заҳмат кашидаанд, бо “Сипоснома”-ҳо сарфароз гардонида шуданд. Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе” дар соли сипаришуда ба панҷгонаи беҳтарини муассисаҳои таълимии ноҳия ворид гардида, директори...
Муфассал

Вохӯрии намояндаи раёсати муқовимат бо коррупсия бо омӯзгорони Литсей

Рӯзи 9-уми декабр сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсия АНДМ ва МКҶТ подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким ба муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди ДТТ ташриф оварда, бо омӯзгорони Литсей дар бораи “Коррупсия–вабои аср” суҳбат намуданд. Аз ҷумла, эшон қайд намуданд, ки мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд ва ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин падидаи номатлуб саҳми худро бигузорем. ...
Муфассал

Иштироки хонандагони Литсей дар озмуни «Шоҳмот»

Рӯзи 11-уми декабр дар Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ даври дуюм (ноҳияви)-и олимпиада оид ба шоҳмот гузаронида шуд. Дар он 4 нафар хонанда аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки ду нафар ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, Муҳиддинов Шоҳин хонандаи синфи 9 “д” – ҷойи дуюм Наимов Иброҳим хонандаи синфи 9 “г” – ҷойи сеюм Роҳбари маҳфили шоҳмот дар Литсей Нарзуллоев Тоҷиддин мебошад. ...
Муфассал

Олимпиадаи Авруосиёии «ВКОШП-2023» аз фанни технологияи иттилоотӣ

Барои иштирок дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 нафар хонанда дар ҳайати 16 даста сафарбар карда шуд. Дар давраи интихобии Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 41 даста иборат аз 123 нафар ширкат варзиданд. Аз ин миён 16 дастаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии он роҳхат гирифт. Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" намояндагони 20 давлати дунёро муттаҳид намуд. Дар умум, дар давраи интихобии озмуни мазкур 20000 хонанда аз кишварҳои Авруосиёӣ ширкат намуданд. Дар назар аст, ки озмун рӯзҳои 11–13-уми декабр баргузор мегардад. Намояндагони Осиё имтиҳоноти санҷишро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон месупоранд. Дар Олимпиадаи Авруосиёии "ВКОШП-2023" аз фанни технологияи иттилоотӣ, ки рӯзҳои 11–13-уми декабр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, хонандагон аз муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон : Чориева Мадина ва Муродализода Сафия хонандагони синфи 10 иштирок менамоянд. ...
Муфассал

Иштироки хонандагони Литсей дар озмуни «Spelling Bee»

Санаи 8-уми декабр даври ноҳиявии озмуни «Spelling Bee» баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаи давлатии таълимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”–назди ДТТ иштирок намуданд. Дар натиҷа аз 5 нафар хонандае, ки дар даври якуми олимпиадаи дохилилитсейӣ иштирок намуда буданд, 3 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Роҳбари маҳфили «Spelling Bee» дар Литсей, омӯзгори фанни забони англисӣ Қодирова Миҷгона мебошад. Натиҷаи озмун чунин аст: 1. Зоирова Назокат хонандаи синфи 7 «А» – ҷойи 1 2. Юсуфзода Марям хонандаи синфи 6 «В» – ҷойи 3 3. Додоҷонов Рустам хонандаи синфи 4 «Г» – ҷойи 3 ...
Муфассал

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ МДТ “ЛИТСЕЙИ ИННОВАТСИОНИИ ДУШАНБЕ”-И НАЗДИ ДТТ ДАР ҲАМОИШИ СИЁСӢ- ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «Парчами давлатӣ-муқаддастарин рамзи давлатдории миллӣ» санаи 23-юми ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «Парчами давлатӣ-муқаддастарин рамзи давлатдории миллӣ» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад. Аз ин хотир, ҳамасола Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Дар ин раванд ба омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии “Литсейи...
Муфассал