Таҷлили «Рӯзи Президент» дар МДТ-и «Литсейи инноватсионии Душанбе»»
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҷамъият ба шахсияти бузург ва фарзанди фарзонае ниёз дорад, ки ӯ беш аз дигарон зарурияти таърихиро дарк менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа камар мебандад. Шахсе, ки дар ҳамин давраи ҳассос, аз байнравии миллат, пароканда ва порча-порча тақсим гардидани давлат дар арсаи таърихи миллати тоҷик қадами бахосияти худро гузошт – ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити барои миллати тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида буд, аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Имрӯз бахшида ба “Рӯзи Президент” дар МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе” бо ташаббуси раиси иттиҳодияи методии фанҳои таърих ва ҳуқуқ Бекова Мошариф Азизовна конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар он хонандагони синфи 9 Бахтиёрзода...