МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Имрӯз бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомад ба омӯзгорону хонандагони фаъоли Литсей, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни даври шаҳрии “Илм фурӯғи маърифат”, озмуни даври шаҳрии “Тоҷикон” ва олимпиадаҳои ноҳиявию байналмилаӣ сазовори ҷойҳои намоён шуданд, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар ин рӯз хонанадагони фаъоли Литсейро ба созмони талабагии “Ворисони Сомониён” дохил намуда, ба ноҳо гараданбандҳои ифтихорӣ супорида шуд. ...
Муфассал

Конференсия бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Рӯзи 23-юми ноябр дар толори маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълими “Литсейи инноватсионии Душанбе”–и назди ДТТ конференсия бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Дар он хонандагон дар мавзуъҳои “Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон”, “Парчами давлатӣ – рамзи соҳибистиқлолии Ватан ва дӯстиву бародарии ҳар як сокини мамлакати мо”, «Аз дирафши Ковиён то Парчами Тоҷикистони соҳибихтиёр», «Парчами давлатӣ рамзи давлатдории миллист», «Парчам ҳамчун муқаддасоти миллии давлатдорӣ» ва «Моҳияти ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. ...
Муфассал

Олимпиадаи забони англисӣ («Spelling Bee») дар Литсей

Санаи 22-юми ноябр дар Литсей даври якуми олимпиадаи дохилилитсейӣ аз фанни забони англисӣ "Spelling Bee" баргузор гардид. Рафти олимпиадаро роҳбари ҳаракати олимпӣ Аҷиҷимил Гулнора ва омӯзгорони забони англисиву хитоӣ Қодирова Миҷгона, Иззатуллоева Нуриниссо, Ахмедова Мавҷуда, Хоникова Шамима ва Панакова Азизмо назорат намуданд. Дар натиҷа аз 7 нафар хонанда 5 нафар ба даври дуввум роҳ ёфтанд: 1. Зоирова Назокат 7 "А" - ҷойи 1 2. Юсуфзода Марям - ҷойи 2 3. Додоҷонов Рустам 4 "Г" ҷойи 2 4. Назаров Абдулло - ҷойи 3 5. Қурбоналиев Умарҷон - ҷойи 3 ...
Муфассал

Таҷлили «Рӯзи Президент» дар МДТ-и «Литсейи инноватсионии Душанбе»»

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҷамъият ба шахсияти бузург ва фарзанди фарзонае ниёз дорад, ки ӯ беш аз дигарон зарурияти таърихиро дарк менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа камар мебандад. Шахсе, ки дар ҳамин давраи ҳассос, аз байнравии миллат, пароканда ва порча-порча тақсим гардидани давлат дар арсаи таърихи миллати тоҷик қадами бахосияти худро гузошт – ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити барои миллати тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида буд, аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Имрӯз бахшида ба “Рӯзи Президент” дар МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе” бо ташаббуси раиси иттиҳодияи методии фанҳои таърих ва ҳуқуқ Бекова Мошариф Азизовна конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар он хонандагони синфи 9 Бахтиёрзода...
Муфассал

Иштироки хонандагони Литсей дар конференсия илмӣ-назариявӣ

Рӯзи 15-уми ноябр Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Мо ҷавонон бо шумоем Пешвои миллат" бахшида ба Рӯзи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки гирандагони стипендияи президентӣ ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор гардид Дар он 17 нафар хонандаи Литсей, ки ғолибони олимпиадаҳо мебошанд, иштирок намуданд. ...
Муфассал

Семинар бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як фарди кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки дар зери осмони соф, сулҳу субот ва сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули санади муҳими давлатӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро эътироф мекунад, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол гузашт. Конститутсияро нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон арзёбӣ кардаанд. Бахшида ба ин рӯз 31–уми октябр дар МДТ-и “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо иштироки хонандагони Литсей гузаронида шуд. ...
Муфассал
Натиҷагирӣ аз олимпиадаҳои дохилилитсейӣ

Натиҷагирӣ аз олимпиадаҳои дохилилитсейӣ

Рӯзи 31уми октябр дар муассисаи давлатии таъдимии “Литсейи инноватсионии Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба 228 нафар хонанда, ки дар олимпиадаҳои дохилилитсейӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. ...
Муфассал

Таҷлили Рӯзи забон ва иди омӯзгорон дар МДТ-и «Линсейи инноватсионии Душанбе»»

Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, садҳо достонҳо навиштаанд. Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз солим омада расид. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон...
Муфассал